Маркази Омузиши Интернети - Истаравшан Махфили Дустдорони Забони Англиси
Маълумот дар бораи Клуби Дусторони Забони англисии шахри Истаравшан.
Аввалан, мо хама хуб огах хастем, ки аз саршавии Сентябри соли 2005 лоихаи нави мо бо номи Пайвастшавии Глобали ва Мубодила огоз гардид. Холо хама Марказахи Омузишии Интернети дорои бисёр клубхо мебошанд, ки бо хамдигар хамкории зич мекунанд. Яке аз ин клубхо ин Клуби Дусторони забони англиси мебошад. Бовари дорам ин яке аз шавковартарин барои талабахо мебошад.
Монанди дигар марказхо, Маркази Омузиши Интернетии шахри Истаравшан хам амалиёти ин клубро бо муваффакият шуруъ намуд. Аксарияти талабахо хеле шавки зиёд доштанд ва интихоби онхо албатта камтар мушкил буд. Айни замон, мо дар ин клуб хамаги 15 то талабахо дорем, ки аз онхо 9 – то духтаранду 6 – то писар. Аз саршавии машгулиятхо талабахо намехостан, ки имконияти ширкат ба ин клубро аз даст диханд ва барои хамин хам онхо иштирока фаъолона нишон медоданд. Ба хар гуна мушкилихо нигох накарда талабахо боварии комил доранд, ки дар давоми сол онхо пешравихои назаррасро ба даст меоваранд. Ин хама кушишу гайрати мо, бешубха, бе ёрдами сайти дустошати мо www.english.tj хуб намешуд.
Мо бисёртар ёрдами муалимонро дар марказ хохиш карда барои харчи бехтар гардидани вазъият онхоро чалб намуда истодаем, вале холо Менечери Маркази Омузишии Интернети Тошев Фаррух машгулиятхоро бо ёрдами волонтёрхо Холматов Озодчон ва Хайдаров Акмалчон ба пеш бурда истодааст.
Сардори Клуби дусторандагони забони англиси Хайдаров Акмалчон ба хисоб меравад.
Почтаи электронии клуби забони англиси : english_istaravshan@yahoo.com
Шумо дар хар маврид ба мо нома навишта метавонед, мо бисёртар мехостем бо аъзоёни клуби мазкури дигар марказхо хамкори кунем.
|
 |
Тавсия кардани сайти www.english.tj |
Навиштани иншо... |
 |
 |
Такрор ва хониши матн |
Омухтани истифодабарии чонишинхо |
Менечери МОИ ш. Истаравшан,
Тошев Фаррух
Почтаи электрони: soghd_istar_sch32@yahoo.com
All rights
reserved 2005-2007 © Internet Fund